Хабар

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ, ки ҳамасола 28 декабр ҷашн гирифта мешавад, бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Ваҳдат: вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинон шарҳ доданд

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат  бо собиқадорон, вакилон ва иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Вазорати маориф ва илм: таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад

Тавре аз  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили хонандагон аз 1 то 31 январ сурат мегирад.

Страницы