Хабар

Ноиби губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина ба Душанбе омад

Имрӯз дар пойтахт мулоқоти ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, бо ин мақсад субҳи имрӯз ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо ҳайати бонуфузи соҳибкорон ва аҳли фарҳанг ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омаданд.

ОБУ ҲАВО: ҳарорат дар аксар манотиқи Тоҷикистон рӯ ба пастшавӣ меорад

Имрӯз ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, дар доманакӯҳҳо ва баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ то 2 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар дошта шудааст. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то охири моҳи сентябр боқӣ мемонад.

Страницы