Хабар

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ муборизаи муштарак ва оштинопазир мебаранд

Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир –терроризм ва экстремизм муваффақ гардад.

Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон аз чоп баромад

Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха, иборат аз ду ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар нашриёти «Ганҷ» аз чоп баромад.

Дар Тоҷикистон аз сабаби вазиши боди сард якбора обу ҳаво тағйир ёфт

29-30 сентябр аз сабаби вазиши боди сард аз минтақаи шимоли кишвар дар ҷумҳурӣ тағйирёбии боду ҳаво ва пастшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои абрию боронӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳию баландкӯҳҳо раъду барқ ва боридани барф дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст.

Страницы