30 сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мешавад
Опубликовано чт, 28/09/2017 - 16:56 пользователем tvt
30 сентябри соли равон, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ барномаи адабию фарҳангӣ баргузор мегардад.


27 сентябри соли 2017 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.
27 сентябр 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки 17 сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон шурӯъ шуда буданд, ҷамъбаст гардиданд. Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) шуд.