Баррасии масъалаи пешбурди медиатсияи тиҷоратӣ дар Душанбе
Опубликовано ср, 27/09/2017 - 15:17 пользователем tvtИмрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ташкилоти байналмилалии ҳуқуқ ба рушд (IDLO) дар мавзӯи «Медиатсияи тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеияти масъалаҳои ҳалталаб ва роҳҳои ҳалли он» ҳамоиш баргузор гардид.


Имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи якуми кумитаи ташкилӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва таҷлили сеюмин солгарди ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир гардид.