Дар Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Германия баргузор мегарданд
Опубликовано чт, 28/09/2017 - 09:44 пользователем tvtСафири Тоҷикистон дар Германия Маликшо Неъматов дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Франкфурти соҳили Майн ба дафтари марказии Бонки рушди Германия (KfW) ташриф оварда, бо ваколатдори минтақавии Бонки мазкур оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ Мишаел Эверс мулоқоти корӣ анҷом дод.

