Хабар

Фестивал-озмуни «Парасту-2017» ба 100- солагии Тӯҳфа Фозилова бахшида мешавад

Пагоҳ, 18 апрел дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ мегардад.

Ҷоми КФО: «Истиқлол» «Олой»-ро ҳарифи пурқувват меҳисобад

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистон, ки дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» 18 апрел дар Варзишгоҳии марказии шаҳри Душанбе бо ҳам қувва месанҷанд, ҷараён гирифт.

Нахустин намоишгоҳи миллии молҳои Ӯзбекистон дар Душанбе ифтитоҳ гардид

Ду ҳамсоякишвар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахши иқтисоду тиҷорат беш аз пеш тавсеа мебахшанд. Далели ин иштироки беш аз 160 ширкату корхонаҳои тавлидотии Ӯзбекистон дар нахустин намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ӯзбекистон аст, ки имрӯз, 17 апрел дар маркази савдои «Душанбе -90»дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Страницы