Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳамоҳангсози доимӣ, Роҳбари нави Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта
Опубликовано вт, 11/04/2017 - 15:01 пользователем tvt
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.


Дар доираи тавсеаи равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази тиҷоратии «Пойтахт-90» намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда мешавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспорт» аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошанд.