Хабар

«Пойтахт хонаи умеди тоҷикон»-барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт- 15 апрел силсилабарномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардониро доир менамоянд.

Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоидро пешгӯӣ мекунад

havo_0.jpgАгентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки 13 апрел дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла боридани борони сел дар назар аст.

Нахустин ҳавопаймои «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад

Чанд лаҳза пеш ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе фуруд омад. Cафари мазкур нахустин ва таърихӣ буда, тавассути он аз Тошканд 29 нафар мусофирон ба Душанбе парвоз карданд.

Страницы