Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «BEST UNIVERSITY» гардид
Опубликовано пн, 10/04/2017 - 16:15 пользователем tvt
Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи «BEST UNIVERSITY»-ро ба роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур супорид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.


Дар вилояти Хатлон курсҳои омӯзишии «Духтарони сарвар» ба кори худ оғоз намуданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Халон иттилоъ доданд, курсҳои мазкур аз ҳисоби 51 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳу коллеҷҳои донишкадаҳои вилоят дар асоси озмун таъсис дода шудаанд.
Тоҷикистон хостори рушди ҳамкории гуногунҷабҳаи иқтисодӣ бо Олмон аст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Манфред Грунд, роҳбари ҳайати Бундестаги Олмон, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, зикр намуд.