Як фармондеҳи эҳтимолии Толибон дар Олмон боздошт шуд
Опубликовано ср, 29/03/2017 - 13:55 пользователем sanjarДар Олмон як шаҳрванди 30-солаи Афғонистонро боздошт кардаанд, ки дар куштори сарбозони амрикоию афғон айбдор мешавад.
Ба огаҳии додситонии федеролии Олмон, шаҳрванди Афғонистон Абдулло П. 23 март дар ҷануби аёлати Бавария бо гумони узвият дар созмони террористӣ ва сӯиқасд дастгир шудааст.
Додситонӣ мегӯяд, боздоштшуда соли 2002 ба сафи ҳаракати даҳшатафкани Толибон пайваста, соли 2004 фармондеҳиро аз падараш қабул кардааст.

