Хабар

Дар ноҳияи Ашт мавсими нави обёрӣ оғоз гардид

Чанде қабл Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ашт дар пойгоҳи обкашии АНС-1, ки зиёда аз 12 ҳазор гектар заминро бо об таъмин менамояд, ба мавсими нави обёрӣ дар ноҳияи Ашт оғоз бахшид.

Дар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ, воқеъ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» муҷассамаи қаҳрамонҳои филми машҳури «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд.

Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба оби ошомиданӣ доир мегардад

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи афсарон»- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми байналмилалии дӯстии ҷавонон дар мавзӯи «Ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба оби ошомиданӣ» баргузор мешавад.

Страницы