Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Филипп Беннетт ва роҳбари нави намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамоваро ба ҳузур пазируфтанд.

Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоти саноатиашро ба намоиш мегузорад

Аз 17 то 21 апрели соли равон Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд.
Намоишгоҳ дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор гузаронида шуда, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Берлини Олмон

26 март  бо ташаббуси сафоратхонаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мусоидати шаҳрдории шаҳри Берлини Олмон ҷашни байналмилалии Наврӯз-2017 дар толори бузурги Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин бо шукӯҳи хосса баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати  Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Страницы