Хабар

«Ирфон» бахшида ба 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмун эълон мекунад

Ба ифтихори 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи нашриявии «Ирфон» озмуни беҳтарин очерку мақолаҳо, мусоҳибаву шеърҳоро дар ҳаҷми 8-10 саҳифаи чопӣ эълон менамояд.
Мавод то 15 марти соли равон қабул карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маводи чопиро ба почтаи vfarhang69@gmail.com равон кунанд.
Телефонҳо барои тамос: 233-62-54, 233-39-06.

АМИТ «Ховар»

Телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноятро қабул кардааст

Дар давоми соли 2016 ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, 2 ҳазору 429 шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Аз ин 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 1 ҳазору 400 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.

«Тоҷик Эйр» ба мусофирони хурдсоли худ тахфифҳои 100 ва 50- фоиза пешниҳод менамояд

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки дар соли сипаригашта ширкат барои мусофирони то 5- солаи худ тахфифҳои 100 фоиза ва аз 5 то 12- сола тахфифи 50 фоиза пешниҳод намуд.

Страницы