Хабар

Раиси Парлумони Арабистони Саудӣ: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст»

Доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ гуфт: «Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст». Ин нуктаро ӯ дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Ал- Риёз иброз дошт.

Дар соли 2017 «Тоҷик Эйр» хатсайрҳои нав ифтитоҳ мекунад

Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар соли 2017 ният дорад ба якчанд самтҳои нав хатсайр ифтитоҳ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ин ширкат Хайрулло Раҳимов иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Хайрулло Раҳимов, ширкат дар нимсолаи якуми соли 2016 парвозҳоро ба самти Душанбе-Пекин-Душанбе бо хизматрасонии ҷойҳои дараҷаи тиҷоратӣ ва инчунин парвозҳоро ба самти Душанбе-Сургут-Душанбе ва Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд роҳандозӣ намуд.

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат як катор кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таъиншударо ба ҳузур пазируфтанд.

Страницы