Хабар

Ба варзишгарони беҳтарини соли 2016 ҷоизаҳо тақдим шуданд

Имрӯз, 10 январ дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2016 баргузор шуд.
Дар маросим Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, ки Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Росс

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы