Хабар

Худобердӣ Холиқназар: «Тоҷикистону Ӯзбекистонро муносиботи нек дар пеш аст»

Муносиботи ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш таҳким меёбанд. Ин нуктаро 9 январ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни нишасти матбуотӣ бори дигар таъкид кард. Мавсуф афзуд, ки дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи нави тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд оғоз гардидааст.

Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон бо иштироки олимону мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ ҷамъомад баргузор шуд.

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид.

Страницы