Вазири маориф ва илм: «Тоҷикистон аз ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд»
Опубликовано пн, 09/01/2017 - 16:39 пользователем tvtДар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика, ки имсол дар кишвари Руминия баргузор шуд, Тоҷикистон ҷои ҳафтумро ишғол карда, аз ҷиҳати иштирок ва сазовор шудани ҷойҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои ҷаҳон ворид шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷкистон Нуриддин Саид зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

