Хабар

Пагоҳ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ироа мегардад

Пагоҳ, 22 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад.
Дар ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ироа мегардад.

Аз Паём то Паём: Дар Паёми Пешвои миллат таъкиди асосӣ ба масъалаи забономӯзӣ буд

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 таъкид доштанд, ки «бо назардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои т

«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»- ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Паёми Пешвои миллат

Пагоҳ, 22 декабр Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Чун анъана Паёми навбатӣ тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мустақиман пешкаши мардум мегардад.

Страницы