Муҳсин Муҳаммадиев ёварони худро интихоб кард
Опубликовано пт, 30/12/2016 - 12:09 пользователем tvtСармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати ёварони худро барои мавсими футболи соли 2017 интихоб кард.
Тавре сомонаи КФ «Истиқлол» хабар медиҳад, дар мавсими футболи соли 2017 ба Муҳсин Муҳаммадиев Небойша Топалови 43- сола аз Сербия ба ҳайси ёвар ва Алишер Тӯхтаев, собиқ мураббии дастаи «Барқчӣ» ба ҳайси ёвари дуюм кумак мекунанд. Дарвозабонҳоро ба мавсими нав Александр Кулакови 60-сола аз Латвия омода месозад.

