Хабар

«Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра»- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» ба нашр расид

Дар оғози Соли нави мелодӣ шумораи аввалини рӯзномаи «Салом оянда» рӯйи чоп омада, дастраси хонандагон гардид. Дар ин бора аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Ҳайати эҷодии рӯзномаи «Салом оянда» тасмим дорад, ки ҳамкориро бо устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва берун аз он тақвият бахшида, барои пурмазмуну шавқовар гардидани саҳифаҳои рӯзнома аз тамоми имкониятҳо истифода барад»,-хабар доданд аз марказ.

Агентии обуҳавошиносӣ аз хавфи фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ сокинони кишварро аз хавфи фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ хабардор мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид буда, дар баъзе минтақаҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.

Страницы