Хабар

Ширкати С. Аслов дар мулоқоти кории вазирони кишварҳои узви СААД дар Ҳамбург

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар ҳошияи Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 7 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид.

8 декабр- Рӯзи байналмилалии рассомон. Намояндагони аҳли санъат қосиди сулҳу дӯстӣ маҳсуб мешаванд

8 декабр Рӯзи байналмилалии рассомон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2007 аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии «Санъати халқҳои ҷаҳон» таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки Рӯзи рассомонро ҳар давлат дар рӯзҳои гуногун таҷлил мекунад. Масалан, дар Украина ин рӯзро моҳи октябр, дар вилояти Курск моҳи август, дар Липетск дар моҳи октябр таҷлил мекунанд.
Касби рассомӣ ҳазор сол пеш вуҷуд дошт. Ҳанӯз одамони қадим дар рӯи санг нақшу нигорҳои қадимиро таҷассум менамуданд.

Страницы