Пагоҳ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маҳфили эҷодии Қудратулло Яҳёзода баргузор мешавад
Опубликовано чт, 08/12/2016 - 13:42 пользователем tvtПагоҳ, 9 декабр соати 14:00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов маҳфили эҷодии Қудратулло Яҳёзода доир мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, «дар маҳфил иштироки васеи устодону донишҷӯён ва мухлисони асарҳои бастакори номӣ Қудратулло Яҳёзода, инчунин намоиши барномаи консертӣ, ки аз осори соҳибҷашн иборат аст, дар назар аст».