Хабар

Муҷассамаи Сино ба наздикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад

Имрӯз зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дебора Коузинс, Директори шуъбаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор ҷиҳати кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба беҳтарсозии роҳҳо суҳбат сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва «Пешрафт» ба маъюбон

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) барои дастгирии маъюбон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз КМТ хабар доданд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: «ин боргоҳи маърифат барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ва толори муҷаҳҳази хониш омода кардаст».

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Франсия дар Париж баррасӣ гардид

Масоили пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла дар самти ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисод ва энергетика, инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдидҳои муосир зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва вакили мардумии Ассамблеяи миллии Франсия (палатаи поёни Парлумон), муовини Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Франсия Тиеррӣ Мариани баррасӣ гардиданд.

Страницы