Хабар

Суғд: Ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» муайян гардиданд

Дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласа ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2016» бо диплому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

Имрўз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти кумита иттилоъ доданд.

Хатсайри Истанбул-Душанбе-Истанбул фаъол гардид

Аз сабаби ҷой доштани норасоии техникӣ (VOR/DME) дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва шароити номусоиди ҳавои минтақа рӯзҳои охир дар хатсайрҳои «Истанбул-Душанбе-Истанбул» -и Ширкати ҳавопаймоии туркӣ (Turkish Airlines) аз 25 ноябр боздошти муваққатӣ ба миён омада буд.

Страницы