Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат бо Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линн

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи вилоятии тенниси рўи миз ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Кўлоб тӯли се рўз мусобиқаи вилоятии тенниси рўи миз баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Абдуҷаббор Толибов, мутахассиси бахши ҷавонони минтақаи Кўлоб зикр кард, ки: «мусобиқаи тенниси рўи миз дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 5-и шаҳри Кўлоб ҷараён гирифт ва дар он аз миёни варзишгарони наврас чеҳраҳои нави ин навъи варзиш пайдо гардиданд. Дар қисмати ниҳоӣ варзишгарони наврас қувваозмоӣ намуданд».

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад: «Аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад»

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона вазиши шамоли сахт- дар як сония то 17-22 метр пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Страницы