Хабар

Аз сармо эҳтиёт шавед! Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои давраи сардиҳои аз 20 то 26 ноябр

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сардиҳо аз 20 то 26-уми ноябри соли 2016 ба аҳолӣ риояи қоидаҳои зеринро тавсия медиҳад:
Новобаста аз он, ки соҳиби чӣ гуна хонаед ва он хонаи шумо дорои кадом низоми гармидиҳист (неруи барқ, газ ё бухорӣ), бароятон зарур аст захираи сӯзишворӣ дошта бошед.
Ҳангоми огоҳӣ ёфтан аз сардии шадиди ҳаво, оби қубурҳои гармидиҳандаро ба танзим дароред ва бинед, ки онҳо аз кор намонанд.

Страницы