Суханронии Сарвари давлат дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд
Опубликовано пт, 18/11/2016 - 11:33 пользователем tvtҲамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба ҳар яки шумо барои дастгириву пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва пазироии самимии Роҳбари давлат изҳори сипос карда, ба хонадони кулли сокинони заҳматкаши шаҳри Сарбанд файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Субҳи имрӯз мо дар маросими оғози таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд», ки яке аз иншооти асосии энергетикии вилояти Хатлон мебошад, ширкат доштем.