Туҳфаи шаҳрдори Хуҷанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ифтихори Рӯзи Президент
Опубликовано ср, 16/11/2016 - 16:03 пользователем tvtБа ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода зимни шиносоӣ бо шароити парвариш ва таълиму тадриси кӯдакони Мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардондашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳр, ширхоргоҳ-кӯдакистони№ 26 барои тифлони нутқу шунавоиашон нуқсондор ва Мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ба тамоми тарбиятгирандагони ин муассисаҳо либосҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.


Имрӯз, 16 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Вазорати фарҳанги кишвар намоиш ва фурӯши китобҳо оғоз гардид.
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Лахш мусобиқаи футбол баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур даҳ дастаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуда, ғолибон сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи