Хабар

Дар Италия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод

Дар маркази Италия шаби панҷшанбе соати 01:35 ба вақти маҳаллӣ (05:35 вақти Душанбе) заминларзаи шадиди навбати рух дод, ки такони он дар Рим низ баръало эҳсос карда мешуд. Дар ин бора хабарнигори АИР «Новости» иттилоъ медиҳад.
Бино ба маълумоти Донишкадаи геофизикӣ ва вулқоншиносии Италия, шиддатнокии ин заминларза 4,8 баллро ташкил дода, маркази он дар музофоти Мачерати ҷойгир будааст. Ҳамзамон то ҳол дар бораи қурбониён ва хисорот иттилоъ нарасидааст.

Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд

Субҳи имрӯз дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод дар мавзӯи «Конститутсия- бахтномаи миллат» конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар конфронс зиёиёну фаъолон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия, таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд.

Боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон аз Тоҷикистон

1-уми ноябри соли равон зиёда аз 20 намояндаи ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии кишвари мо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки: «кӯшиш мекунем имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро хуб муаррифӣ кунем ва бовар дорам, ки баъд аз бозгашт шумо дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон ба ҳамватанони худ қисса хоҳед кард».

Страницы