Хабар

Суханронии Пешвои миллат дар маросими ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар ноҳияи Муъминобод

Омӯзгорони муҳтарам ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз тамоми сокинони фарҳангдӯсту ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Муъминобод ва шумо, омӯзгорони муҳтарам, падару модарон ва фарзандони азизро бо ҷашни бузургу фархундаи миллӣ – биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори ободу осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Муъминобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод нахуст бо буридани лентаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар як бастро дар деҳаи Чашмасор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Муъминобод

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Страницы