Хабар

Н. Бордюжа: Марзи Тоҷикистону Афғонистон пойгоҳи амнияти кишварҳои СААД мебошад

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа баъди мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба як барномаи ҳукуматӣ оид ба таҳкими он ниёз дорад. Ӯ таъкид кард, ки «Ин ба суботи кишварҳои мо таъсир мерасонад ва мо марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро ҳамчун пойгоҳи амнияти ҳамаи кишварҳои аъзои СААД баррасӣ менамоем».

Пешниҳоди роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон

 Бо ташаббуси филиали КВД «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» дар ноҳияи Ёвон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон» семинар доир гардид.
Дар семинар намояндагони маҳаллаҳо, шӯрои занон, ҷавонони касбҳои гуногуни ноҳия ва намояндагони мақомоти ҳифзи хуқуқ иштирок намуданд.

Дар Душанбе Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад

 Аз 7 то 9 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир мегардад.

Страницы