Ҷамъомад бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт
Опубликовано пт, 23/09/2016 - 09:59 пользователем tvtШоми 21 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори барҳавои меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, вакилони парлумон ва намояндагони расмии кишвар, зиёиён ва намояндагони ВАО маросими қабули расмӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.