Муаррифии Тоҷикистон дар Кувайт
Опубликовано чт, 22/09/2016 - 09:17 пользователем tvtШоми 20 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори Маркази фарҳангии Абулҳусайни Абдулризо бо иштироки дастаҳои ҳунарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Кувайт маҳфили ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар ҷашнвора аҳли ҳунару фарҳанги Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ миллат ва Меҳани тоҷиконро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуданд.