Хабар

Дар ноҳияи Б. Ғафуров раиси ноҳия ва ҳашарчиён дар пахтачинӣ кумак намуданд

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии пахта вусъат мегирад. Рӯзи якшанбе раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ, кормандони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву ташкилот, сокинони ҷамоатҳо, саҳмдорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар маҷмӯъ 7785 нафар ихтиёриён  дар кооперативи тиҷоратӣ-истеҳсолии ба номи Турсун Қушматови ноҳия  дар чидани пахта ба чинакчиён кумак намуданд.

Дар ноҳияи Лахш дар замони истиқлолият 261 нафар тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои олии Тоҷикистону Қирғизистонро хатм намуданд

Бо дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи ноҳияи Лахш дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин солҳо зиёда аз ёздаҳ мактаб ба истифода дода шуд. Агар шумораи умумии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ соли 1991- 48 адад бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 61 адад расидааст, ки ин барои бо таълими асосии хатмӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони синни мактабӣ басанда мебошад.

Муборизаи чор дастаи лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон

 1-уми октябр бозиҳои аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд.
Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чор дастаи лигаи олии футболи кишвар ширкат меварзанд. Бозиҳои аввали нимниҳоӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи шанбеи 1-уми октябр соати 16:00 шурӯъ мешаванд.

Страницы