Истиқболи Пешвои миллат дар ноҳияи Спитамен
Опубликовано вт, 13/09/2016 - 08:33 пользователем tvtСубҳи имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Роҳбарияти ноҳия ва аҳли заҳмати он Сарвари давлат-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса, изҳори ҷонибдорию пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари мамлакат ва умеду эътимоди боварибахш ба фардои дурахшони Ватан истиқбол гирифтанд.