Хабар

Ифтитоҳи маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ намуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар роҳпаймоии сокинони вилояти Суғд ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои идона, ки ҳамаи мову шумо ҳанӯз таҳти таассуроти таҷлили ҷашни мубораку таърихии миллатамон, яъне 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тамоми мардуми матиниродаву заҳматкаши вилояти Суғдро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз бори дигар табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва саодати бардавом орзу менамоям.

Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Страницы