Гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Опубликовано ср, 14/09/2016 - 17:15 пользователем tvtИмрӯз дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд.
Лоиҳаи ангории иншоот аз ҷониби ҶДМ «Суғд Шаҳрофар» дар шаҳри Хуҷанд таҳия карда шудааст.