Президенти Тоҷикистон: «Дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад»
Опубликовано вт, 09/08/2016 - 11:14 пользователем tvtБо имзои чанде аз созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа тавонистанд фаъолияти барои ҳамаи ҷонибҳо мақбули маҷмӯи соҳаи обтаъминкуниро дар шароити мураккаби гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин намоянд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”.


Имрӯз дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ оғоз намуд.