Сафири Эрон ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуд
Опубликовано чт, 11/08/2016 - 13:07 пользователем admin
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушти устувор, ки таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» дар шаҳри Душанбе идома дорад, обро маводе номид, ки аҳамияти он дар ҷаҳон рӯз ба рӯз меафзояд ва «арзишаш дар оянда аз нафт ҳам бештар мешавад». Дар ин бора агентии иттилоотии «Форс» хабар додааст.


Гуштингири тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии нахустин дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақиби гурҷиаш Варлам Липартелиани шикаст хӯрд. 10 август Комроншоҳ дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило вориди рақобат гардид, аммо натавонист пирӯз шавад.
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонони зодаи Истиқлолият-созандагони боэътимоди Ватан!» баргузор гардид.