Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд
Опубликовано чт, 10/04/2025 - 12:50 пользователем tvtДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.