Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллиамон – 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, саодати рӯзгор ва файзу баракат орзу менамоям.

Истиқлолу озодӣ барои мардуми Тоҷикистон гаронтарин неъмат ва пурқиматтарин сарвати зиндагӣ мебошад.

Страницы