Ба истифода додани роҳи мошингарди пайвасткунандаи шаҳраки Мӯъминобод ва деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон
Опубликовано пт, 25/09/2020 - 13:47 пользователем admin225 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод ҳамзамон роҳи 7-километраи шаҳраки Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд. Роҳи мазкур, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба бошандагони ин деҳаҳо мушкилӣ эҷод мекард.

