Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд
Опубликовано пт, 25/09/2020 - 12:05 пользователем admin2Дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодаи замини наздиҳавлигии ин хонадон шинос шуданд.
Оилаи Одинаевҳо 37 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд.

