Хабар

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳамаи шумо барои истиқболи самимиатон, ки нишонаи пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад, арзи сипос менамоям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Восеъ боздид намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Восеъ аз боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияти маҳдуди «Хушсифат»-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи интенсивӣ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба хотири рушду пешрафти як гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд.

Страницы