Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро дар ноҳияи Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Коллеҷи хусусии тиббиро дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ намуданд

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеъободи калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати умумии 4 га барои 800 нафар донишҷӯ дар ду баст бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

БАРНОМАИ пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст

Страницы