Дар Душанбе сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Опубликовано пт, 20/10/2017 - 10:04 пользователем tvt
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 19 октябр муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Бердинияз Мятиевро, ки ҷиҳати муҳокимаи масоили марбут ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.


Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо кумаки Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мавриди истифода қарор дода шуд.
Нимаи дуюми моҳи ноябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2017» баргузор мегардад.