Темур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд
Опубликовано ср, 18/10/2017 - 16:37 пользователем tvt
Темур Зулфиқоров, адиби русзабони Тоҷикистон барои асари нави «Қиссаҳои тиллоии ишқ» дар Россия барандаи ҷоизаи Бунин гардид. Тавре Тимур Зулфиқоров иттилоъ дод, маросими тақдими ҷоизаи Бунин 24 октябр дар Донишгоҳи гуманитарии Москва баргузор мешавад.


17 октябр бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон сеюмин маърӯзаи ҷашнӣ дар мавзўи «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардид.
Шаҳриёр Даминов, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.