Дар Берлин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Тоҷикистону Германия баррасӣ шуданд
Опубликовано чт, 19/10/2017 - 10:11 пользователем tvt
Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Раиси Раёсати Агентии энергетикии Германия Андреас Кулманн 17 октябр дар Берлин баргузор гардид.


Дар шаҳри Берлин 17 октябр миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии федеративии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ Андреас Пешке машваратҳои навбатии сиёсӣ баргузор гардиданд.
Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобии финалии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шоми дирӯз бо чемпиони Ҳиндустон-дастаи «Бенгалуру» дар сафар вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 2:2 ҷамъбаст кард ва аз ҳисоби ду вохӯрӣ ба даври финалии охирин роҳ ёфт.