Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори ИМА Стив Дейн мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серҷио Гор ва сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳон, узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейн мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ мавзуъҳои мубрами ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Бишкек сафар карданд

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд.

Страницы